+992 37 2212149

lwl.tajikistan@gmail.com

ул. Айни, 32/2-7

734019, Душанбе

09:00 - 18:00

Пн-Пт

Бо кадом роҳҳо ҳуқуқҳои табибонро ҳифз намудан мумкин аст? Имтиёзҳои табибон

 Новости          Обсудить

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд (моддаҳои 1 ва 5 Конститутсияи ҶТ). Ин муқараротҳои Конститутсия ба табибон низ ҳамчун инсон ва шаҳрванд паҳн мешаванд. Агар мо ба қонунгузории соҳаи тандурустӣ назар афканем пас, маълум мегардад, ки дар фаъолияти табибон бештар уҳдадорӣ пешбинӣ шуда, ба ҳуқуқҳои онҳо диққати ҷиддӣ дода нашуда, миқдори онҳо хеле каманд. Ҳолати мазкур мумкин аст, ки аз як ҷиҳат дуруст бошад, зеро табиб шахсе мебошад, ки ҳаёту саломатии одамон дар дасти ӯ аст, аммо аз тарафи дигар худи табиб низ шахсе мебошад, ки ба ҳимояи муайян ниёз дорад.

Мутахассисони тиббию фарматсевтии ташкилот ва муассисаҳои низоми тандурустӣ ҳуқуқи зеринро доранд:

  • таъмини шароити мусоиди меҳнатӣ;
  • такмили ихтисос аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва корфармо;
  • ҳимояи шаъну шарафи касбӣ;
  • пардохти зараре, ки ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои касбӣ расонида шудааст;
  • таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
  • гузаштан аз аттестатсияи давлатӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ (қ. 1 м. 48 Кодекси тандурустӣ).

Бинед ин як номгӯи нопурраи ҳуқуқҳои табибон дар санади асосии қонунгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад. Саволе ба миён меояд: «Оё табибон бо ин гуна ҳуқуқҳо худро ҳамавақт ва ба таври пурра ҳифз карда метавонанд?» Албатта не. Аз ин рӯ,  бояд дар ин самт як санади меъёрии ҳуқуқие таҳия ва қабул карда шавад, ки он ҷавобгӯ ба талаботи замона бошад.

Агар мо ба ҳуқуқҳои дар Кодекси тандурустӣ ҷойдошта назар афканем, пас маълум мегардад, ки ҳуқуқҳои мазкур низ то имрӯз ба пуррагӣ барои табибон таъмин нашудаанд. Дар давраи саросарвабои хорзаҳр (COVID-19) маълум гардид, ки табибон ва кормандони дигари соҳаи тандурустӣ аз камтарин маводҳо ва таҷҳизотҳои рӯзмара таъмин набуданд ва ин сабаб шуд, ки дар рӯзҳои аввали хуруҷи ин беморӣ ҳам табибон ва ҳам беморон талафи зиёд доданд. Аз набудани шароити мусоиди корӣ ва либосҳои махсус қисми аз табибон ба ин намуди бемории сироятӣ мубтало шуданд. Илова бар ин, маоши ночиз ва имтиёзҳои муайяншудаи кормандони соҳаи тандурустӣ онҳоро ҳавасманд намекард, ки худро фидоӣ вазъият кунанд. Вобаста ба ин, дар рӯзҳои аввал барои пешгирӣ ва табобат бо ин вабои аср норасоии кормандони соҳаи тандурустӣ ба чашм мерасид, ки дар ҳамон лаҳзаҳо ин ҳолат вазъиятро якдараҷа душвор низ намуд.

Гарчанде дар рӯзҳои аввал бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии соҳаи тандурустӣ маблағи муайяне ҷудо шуда бошад ҳам, аммо ин дастгирӣ то дараҷае нокифоя буда, ҳамаи мушкилотҳои ҷойдоштаро ҳал карда наметавонист. Масалан, барои хифзи хукукхои табибон ва дастгирӣ намудан дар ин вазъияти мураккаб аз чониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амри махсус аз 1 майи соли 2020 №АП-1378 қабул карда шуд, ки тибқи он: «Вазорати молияи Чумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблагҳои Фонди захиравии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон барои дар муддати се моҳ ҷиҳати пардохти иловапули дар ҳаҷми як маоши вазифави ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли (аз чумла, кормандони ҳайати техники), ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобати ва таҳти карантин карордодашуда иштирок менамоянд, 12 416 250 (дувоздаҳ миллиону чорсаду шонздаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо намояд» [1].

Табибон дар ин рӯзҳои мудҳиш ва вазнин ҷони худро ба хатар гузошта, ба ҳар як бемор дар алоҳидагӣ муносибати баланди ғамхорӣ зоҳир намуданд. Онҳо беҳтарин шахсон дар ин лаҳзаҳо ба шумор мерафтанд. Зеро дар ин саргаҳи мубориза бар зидди ин вируси COVID-19 маҳз духтурон дар сафи пеш истодагарӣ доштанд. Чандин духтурон аз ин беморӣ фавтидаанд ва вазъи ҳуқуқии шахсоне, ки таҳти саробонии ин духтурон буданд ва бесаробон монданд, бояд дар боби 55 Кодекси гражданӣ бо тартиби нав роҳандозӣ карда шаванд.

Мутобиқи муқарароти моддаи 148 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои вазнин, корҳо дар шароити меҳнати зарарнок ва махсусан зарарнок аз рӯи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин аз рӯи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ музди меҳнати баланд муқаррар карда мешавад.

Аз ин рӯ, кормандони тиб, ки дар ин вазъи мураккаб фаъолият менамоянд ва ҳар лаҳзаи ҳаёти онҳо дар хатар аст ва ҳамин ҳолат ҳамчун корҳо дар шароити меҳнати зарарнок ва махсусан зарарнок мебошанд, бояд тибқи моддаи 148 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон музди меҳнаташон зиёд карда шавад. Зеро дар ҳолати бемасъулияти зоҳир кардани кормандони тиб ё фаъолияти худро қатъ намудани онҳо проблемаҳои гуногун ба миён меоянд[2]. Илова бар ин, пешниҳод карда мешавад, ки як рӯзи кории кормандони соҳаи тандурустие, ки шабонарӯзӣ (дар вақти карантин) дар табобати беморон қарор доранд, ба се рӯз баробар карда шавад, ин муқаррарот аз як тараф ҳавасмангардонии онҳо ва дастгирии давлат бошад ҳам, аз тарафи дигар барои бистучор соат аз хона дур буда, дар муассисаи тиббӣ фаъолият намудан ба ин асос медиҳад.

Дар Кодекси тандурустӣ муқарароти махсус оид ба ҳуқуқҳои табиби табобаткунанда ҷой дода нашудааст, ки ин барои фардикунонии ҳуқуқ, уҳдадариҳо ва ҷавобгарии онҳо мушкилоти гуногунро ба миён меорад [3]. Аз ҷумла, ҳар як табиб дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуқуқ дорад, аз табобати бемор ё қабули он дар мувофиқа бо роҳбари муассисаи тиббӣ даст кашад. Ӯ бояд ин дасткашии худро аз нигоҳубини бемор ва қатъи ҳомиладорӣ ба таври хаттӣ асоснок намояд, агар дар ҳолати мазкур ба ҳаёт ва саломатии бемор хатар ҷой надошта бошад. Дар ин маврид роҳбари муассисаи тиббӣ вазифадор аст, ки ӯро бо табиби дигар иваз намояд.

Аз ин рӯ, даст кашидани табиб аз нигоҳубин ва табобати бемор ҳангоми дар як вақт ҷой доштани  ҳолатҳои зарин роҳ дода мешавад:
1) даст кашидан аз нигоҳубини бемор ба ҳаёти ӯ хатар надорад;
2) даст кашидан аз нигоҳубини бемор ба саломатии атрофиён хаф надорад;
3) даст кашидан аз нигоҳубини бемор бо роҳбари муассисаи тиббӣ мувофиқа карда шудааст.

Номгӯи бемориҳое, ки ба атрофиён хаф дорад, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад. Ба номгӯи мазкур инҳо дохил мешаванд: вайроншавии шуур (аз ҳуш рафтан), вайроншавии нафаскашӣ, вайроншавии гардиши хун, вайроншавии руҳӣ ва ғайраҳо.

Кадом ҳолатҳо барои даст кашидани табиб аз нигоҳубин ва табобати бемор сабаб шуда метавонанд:
1) дар нигоҳубинаш зиёд будани шумораи беморон;
2) дар бемор мавҷуд набудани бемориҳое, ки дар номгӯи зикршуда пешбинӣ шудаанд;
3) бинобар мавҷуд будани мушкилот дар муносибат бо бемор, ки ба сифати ташхис ва табобат таъсир мерасонад.

Аммо ин маънои онро надорад, ки роҳбари муассисаи тиббӣ ҳамаи дархости табиби табобаткунандаро қонеъ мегардонад, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бояд дар қонун ба табибон чунин ҳуқуқ пешбинӣ карда шавад.

Масъалаи дигаре, ки дар қонунгузорӣ дарҷ нагардидааст, ин манъ намудани гирифтани наворҳои видеоӣ ва сабти овози кормандони соҳаи тандурустӣ мебошад. Мушкилот дар чӣ ифода меёбад. Дар бисёр ҳолатҳо беморон бе иҷозати табибон ва дигар кормандони соҳаи тандурустӣ рафти фаъолияти кории онҳоро ба навор мегиранд ё овози онҳоро сабт мекунанд. Ин амали беморонро чи тавр манъ намудан мумкин аст. Чи хеле ки ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни ҶТ аз 3 августи соли 2018  таҳти рақами №1537 «Дар бораи ҳифзи маълумотҳои шахсӣ» маълумоти шахсӣ — маълумот дар бораи далелҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳои ҳаёти субъекти маълумоти шахсӣ, ки ба айнияткунонии шахсияти ӯ имкон медиҳад, мебошад.

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни зикргардида ҳифзи маълумоти шахсӣ аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Яъне, ин маънои онро дорад, ҳеҷ кас бе иҷозати шахс нисбати ӯ ҷамъовардан ва паҳн кардани маълумоти шахсиро надорад. Инчунин тибқи қисми 2 моддаи 23 Конститутсияи ҶТ дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст.

Зиёда аз ин мутобиқи моддаи 175 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд ба ҳифзи сирри ҳаёти шахсӣ, аз ҷумла дахлнопазирии мукотибот, гуфтушунидҳои телефонӣ, сирри рӯзномаҳо, қайдҳо, руқъаҳо, ҳаёти маҳрамона, писархонӣ, таваллуд, сирри тиббӣ,  адвокатӣ  ва  сирри  пасандозҳо ҳуқуқ дорад. Нашри рӯзномаҳо, руқъаҳо, қайдҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар танҳо бо ризоияти муаллифи онҳо,  нашри  мактубҳо бошад, бо ризоияти муаллиф ва унвонӣ (адресат) роҳ дода мешавад. Дар сурати вафот  кардани яке аз онҳо ҳуҷҷатҳои мазкурро бо ризоияти ҳамсари дар қайди ҳаёт буда ва фарзандони марҳум нашр кардан мумкин аст.

Илова бар ин, мутобиқи моддаи 176 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки тасвири ягон шахсеро бе  ризоияти ӯ, дар сурати вафоти ӯ бошад,  бе ризоияти ворисонаш  истифода намояд[4].

Барои ғайриқонунӣ ҷамъ кардан ё паҳн намудани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавии шахси дигарро дар бар мегирад бидуни иҷозати ӯ, ё паҳн кардани чунин маълумот дар баромадҳои оммавӣ, асар, воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет, тибқи моддаи 144 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамин тавр, ба навор гирифтан ва сабт намудани овози табибон ва дигар кормандони соҳаи тандурустӣ бе иҷозати онҳо, ин вайрон кардани талаботи қонунҳои зикргардида мебошад.

Мушкилоти дигар, ин ҳамарӯза аз ҷониби беморон ва шахсоне, ки барои хизматрасонии тиббӣ муроҷиат менамоянд, шунидани таҳқирҳое зиёд аз ҷониби табибон мебошад. То 3-юми июли соли 2012 ин гуна амалҳо ҷиноят эътироф мешуданд, аммо бо асосҳои нокифоя талаботи мазкур аз моддаи 135 Кодекси ҷиноятии ҶТ хориҷ карда шуд. Имрӯз табибон ва кормандони дигари соҳаи тандурустӣ метавонанд танҳо мутобиқи моддаи 1741 Кодекси граждании ҶТ шаъну шараф ва эътибори корӣ ҳангоми тӯҳмат, яъне дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардуруғ, ки шаъну шараф ва эътибори шахси дигарро паст мезанад ё таҳқир, яъне беадабона бо алфози қабеҳ паст задани шаъну шараф ва эътибори шахси дигар ҳифз  намоянд, ки ин навъи ҳифзи ҳуқуқ расмиёт ва вақти зиёдро талаб менамояд.

Мушкилоти дигар, ин нисбати табибон ва кормандони дигари соҳаи тандурустӣ расонидани зарари ҷисмонӣ мебошад. Ин масъала як дараҷа дар қонунгузорӣ ҳалли худро ёфтааст. Аз ҷумла, барои расонидани зарари ҷисмонӣ тибқи моддаи  112 Кодекси ҷиноятии ҶТ қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ ва моддаи 116 Кодекси ҷиноятии ҶТ  лату кўб, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Инчунин табибон, кормандони дигари соҳаи тандурустӣ ва муассисаҳои тандурустӣ новобаста аз ин чораҳо, инчунин барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ, рӯёнидани зарари моддӣ, маънавӣ ва эътибори корӣ ҳуқуқи ба суд бо даъво нисбат ба беморон ва ё намояндагони қонунии онҳо дар асоси муқаррароти Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карданро низ доранд[5].

Ҳамин тавр, масъалаи таҳқиқшавандаро ҷамъбаст намуда, якчанд хулосаҳо баровардан мумкин аст:

  1. Масъалаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ ҷоннок карда шуда, аз ҳамаи сарчашмаҳои даромад барои заминаи моддию техникии соҳаи тандуристиро баланд бардоштан ва зиёд намудани музди кормандони соҳаи тандурустӣ истифода намудан, чораҳои таъхирнопазир андешидан лозим аст.
  2. Дар қонунгузории амаликунанда таҷдиди назар намудани имтиёзҳои табибон ва дигар кормандони соҳаи тандурустӣ талаботи замон гардидааст. Аз ин рӯ, ин масъала дар ҳамаи муқарароти қонунгузорӣ таҷдиди назар карда шавад.
  3. Дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои ба монанди пандемияи (COVID-19) ба табибон ва дигар кормандони соҳаи тандурустӣ, ки шабонарузӣ дар табобати беморон фарогирифта мешаванд, муқарароте пешбинӣ гардад, ки як рӯзи кориашон ба се рӯзи корӣ баробар карда шавад.
  4. Оид ба суғуртаи ҳатмии табибон ва дигар кормандони соҳаи тандурустӣ қонуни махсус қабул карда шавад, ки ҳангоми расонидани зарар ба саломатӣ ва ё марг кафолати рӯёниш ё таъини нафақаи арзанда ба саробон кафолат дода шавад.
  5. Оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои табибон ва дигар кормандони соҳаи тандурустӣ қонуни махсус қабул карда шавад, ки дар он ҳамаи ҳолатҳои ҷойдошта фаро гирифта шаванд.
  6. Муқаррароти Кодекси тандурустӣ ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳо ва мушкилотҳои зикргардида, таҷдиди назар карда шаванд.

Мавзӯи мазкур дар семинаре, ки  Шабакаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ «Лигаи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ» баргузор намуд, баррасӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар айни замон Шабака барои баланд бардоштани мақоми духтурон ва дигар кормандони тиб, ки онҳо «захираҳои асосии системаи тандурустӣ» мебошанд, кор бурда истодааст.

Бобочонзода Исрофил Хусейн
Сарходими илми Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Хомидова Каноат Иброхимовна
Роҳбари лоиҳаи
«Ҳуқуқшиносоне, ки ҳуқуқҳои инсонро
дар соҳаи тандурустӣ ҳифз менамоянд»


[1] http://president.tj/node/22891 (Санаи муроҷиат 27.05.2020).

[2] Муфассал ниг.: Тагайназаров Ш.Т., Бабаджанов И.Х., Бадалолов Ш.К., Бабаджанов Дж. Б. — Жизнь и здоровье человека: современные проблемы правовой ответственности. Душанбе, «ЭР-граф», 2010. 452 с.;
Бабаджанов Дж.Б. — Гражданско-правовая ответственность в сфере медицинской деятельности. Душанбе, 2012. 320 с.

[3] Муфассал ниг.: Бободжонзода И.Х. — Правовые аспекты кодификации законодательства о здравоохранении в Республики Таджикистан. Журнал Правовая жизнь, №3, 2017. С. 23–39.

[4] Муфассал ниг.: Бобоҷонзода И.Ҳ., Тағойназаров Ш.Т. — Симои зоҳирии инсон: проблемаҳои танзими ҳуқуқи. Академичекий журнал, 2018, №1(25). С. 38–43.

[5] Бободжонзода И.Х. Тагайназаров Ш.Т. — Личные неимущественные права. Материалы республиканской научно-практической конференции «Актуальные вопросы гражданского права  в Республики Таджикистан» от 8 июня 2019 г. Душанбе, «ЭР-граф», 2019. С. 36–40.