+992 37 2212149

lwl.tajikistan@gmail.com

ул. Айни, 32/2-7

734019, Душанбе

09:00 - 18:00

Пн-Пт

Фаъолияти «Телефони таъҷили» (боварӣ)

 Новости          Обсудить

Дар доираи амалигардонии лоиҳаи «Ҳуқуқшиносоне, ки ҳуқуқҳои инсонро дар соҳаи тандурусти ҳифз менамоянд», «Телефонҳои таъҷили» (боварӣ) дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хӯҷанд фаъолияти худро давом дода истодаанд.  

Мақсади асосии ташкил намудан «Телефони бовари» мутаҳид намудани кӯшишҳои ташкилотҳои ҷамъияти оиди пурра ва ҳамаҷониба амалисозии ҳуқуқҳои инсон дар соҳаи тандурусти ва кӯмак намудан ва баланд бардоштани нақш ва аҳамияти қонунгузории тибби барои омӯзиши ҳуқуқшиносон соҳибихтисос мебошад. Тақвияти амалҳои муштараки ҷомеаи шаҳрвандон дар самти такмили қонунгузори, баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии кормандони тиб ва беморон дар соҳаи ҳифзи саломатиро дар бар мегирад.

Барои ин мақсадҳо ноил шудан дар шаҳри Душанбе ТЧ «Лигаи занҳои ҳуқуқшиноси Чумҳурии Тоҷикистон», ТЧ «Гамхори» дар шаҳри Бохтар ва Ассотсиатсияи машваратчиёни халқии Чумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хӯҷанд ташкил карда шудаанд, ки бевосита барои ҳалли ин масъалаҳо вобаста карда шудаанд. Қайд кардан лозим аст, ки дар 6 мохи амалигардонии лоиҳаи мазкур тибқи «Телефонҳои бовари» на танҳо патсиентҳо, балки кормандони соҳаи тандурусти низ бо ҳар гуна масъалаҳо муроҷиат менамоянд.

Дар ин мӯҳлат ба телефонхои боварии зикршуда 515 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд. Асосан шаҳрвандон бо масъалаҳои: ҳангоми табобатро дуруст нагирифтан ба куҷо муроҷиат кардан лозим аст, барои гирифтани ташхиси суди-тибби ба куҷо муроҷиат намоянд, нафақапулиҳои маъюбонро баста гуруҳи маъюбиашонро иваз карда истодаанд, чӣ кор кунанд, кумаки тиббии ройгон ба киҳо расонида мешавад, дар беморхона ва дигар муассисахои тибби маблағғ талаб карда истодаанд ва дигар масъалаҳои рӯзмарра муроҷиат менамоянд.

Ба шаҳрвандони муроҷиаткунанда хамаи ҳуқуҳои ӯҳдадориҳои патсиент ва маъюбон тибии конунҳо ва қарорҳои амалкунанда фаҳмонда дода шуда, ба тариқи ройгон маслиҳатҳои муфиди ҳуқуқи расонида, дар ҳолатҳои зарури ба тамоми мақомотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаю шикоятҳои онҳо навишта мешавад. Ба муроҷиаткунандагон дар ҳолатҳои зарури аз ҷониби Лига барои пеш бурдани корҳояшон дар мақомотҳо, адвокатҳо ҷудо карда мешаванд, ки онҳо ба шаҳрвандон хизматрасонии ройгон мерасонанд.

Ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқушиносон Ҷумхурии Тоҷикистон» бо арзи эҳтироми бепоён муроҷиат намуда, ҷиҳати дастгириатон дар амалисозии лоиҳаҳое, ки барои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар соҳаи тандурусти равона гардидааст, ба Шумо минатдории хешро иброз менамояд.

Эҳтиромона ба маълумоти шумо мерасонем, ки Лига барои амалигардонии лоиҳаи «Хуқуқшиносоне, ки ҳуқуҳои инсонро дар соҳаи тандурусти ҳифз менамоянд» шурӯъ намудааст ва мақсади асосии лоиҳа муттаҳид намудани кӯшишҳои ташкилотҳои ҷамъияти оиди пурра ва ҳамаҷониба амалисозии ҳуқуҳои инсон дар соҳаи тандурусти ва кумак намудан ба баланд бардоштани нақш ва аҳамияти қонунгузории тибби барои омӯзишӣ ҳуқуҳшиносон соҳибихтисос мебошад. Таҳвияти амалҳои муштараки ҷомеаи шаҳрвандон дар самти такмили қонунгузори, баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии кормандони тиб ва беморон дар соҳаи ҳифзи саломати дар давраи пандемияи COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятиро дар бар мегирад.

Тибии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли — Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ва дар доираи амалигардонии лоиҳаи номбурда, Лига тасмим гирифтааст, ки оиди иҷрои ҳуҷатҳои стратегие, ки ба баланд бардоштани саҳми назорати ҷамъияти оиди ҳуқуқи шаҳрвандон дар соҳаи тандурустӣ, ташаккули дониши ҳуқуқии тамоми чомеа дар ин самт равона гардидааст, амали созад. Кайд кардан лозим аст, ки Лига дар давоми солҳои 2020-2021 як қатор семинарҳои иттилоотиро дар бисёр минтақаҳои мамлакат гузаронидааст, ки дар ҳар яки он зиёда аз 100 нафар аз ҷумла кормандони тибби ва аҳоли иштирок варзидаанд.