+992 37 2212149

lwl.tajikistan@gmail.com

ул. Айни, 32/2-7

734019, Душанбе

09:00 - 18:00

Пн-Пт

Расонидани ёрии ҳуқуқии аваллиндараҷа

 Новости          Обсудить

Шаҳрванд З.И нафақахур ва гирифтори бемории онкологӣ буда ба «Телефонии боварӣ» ТҶ «Лигаи занони хуқуқшиносони ҶТ» муроҷиат карда маълумот дод, ки шавҳараш Ш.У дар яке аз бемористони шаҳри Душанбе баъд аз ҷаррохӣ фавтид. Ба беморхона маблағи калон пардохт намудааст, баъди фавти шавҳараш ва маслиҳат бо мутахассисони тиббии дигар беморхона хулоса баровард, ки ҳангоми ҷарроҳи табибон баъзе хатогихо роҳ додаанд. Хоҳиш кардааст, ки маблағҳои пардохт кардааш, ба пуррагӣ барагардонида шавад. Бо мусоидати адвокат, ки ташкилот ҷудо карда буд, корҳои муайяни хуқуқӣ гузаронида шуд ва кариб 80 фоизи маблағ ба шахрванд З.И баргардонида шуд. Ҳуқуқи шаҳрванд ҳимоя карда шуд. Бо кормандони беморхона корхои фахмондадиҳӣ барои ҳимояи ҳуқуқи патсиентхо гузаронида шуд.

Ба телефони боварии Ташкилоти ҷамъияти «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумхурии Тоҷикистон» шаҳрванди номаълум занг зада, изхор кард, ки дар назди Маркази савдои «Садбарг» зане бо кудаки бемор дар рох нишаста гадоӣ карда истодааст. Намояндаи Лига рафта дид, ки дар ҳакикат зане дар хавои хунук дар бағал кудаки тахминан 4-5 сола пояш сухтагии варам карда, бе пойафзол дар ҳолати хеле вазнин аз шиддати дард ва хунукӣ кудак беист гиря мекард, нишастааст. Ба бемористон рафтан намехохад, чунки духтурон уро бо кудаки касал бе шиноснома кабул накардаанд. Дар натиҷаи муроҷиати шаҳрванд, бо мусоидати ройгони ҳуқуқшиноси Лига кудакро ба беморхона бурда, дар онҷо уро қабул намуда ёрии тиббӣ расонида шуд.

Шаҳрванд аз ноҳияи Хамадони ба Лига мурочиат намуда, маълумот дод, ки ӯ дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Душанбе кор мекард ва аз баландӣ афтида корношоям гардида аст. Дар беморхонахо бистарӣ шуда борҳо табобат гирифтааст вале табобатҳо натиҷа набахшидааст. Саломатиаш бад буда, дар ягон ҷой кор карда наметавонад, ва ҳамчун маъюб хоҳиш дорад, ки ба ӯ нафақаи маъюбӣ таъин карда шавад. Бинобар ин ба духтури калони Маркази саломатии нохия барои таъин кардани нафака муроҷиат намудааст, вале бо айби духтурон уро барои ба нафақаи маъюбӣ баромадан аз экспертизаи тиббии вилояти ё нохиявӣ нагузаронида, маъюбро саргардон карда уро ба шаҳри Душанбе фиристодаанд.

Ҳангоми ба Лига муроҷиат намуданаш аз ҷониби Лига дархол ба шаҳрванд адвокати ройгон барои пеш бурдани корҳояш дар мақомотхои давлатӣ чудо карда шуд, ки бо мусоидати у, баъди ба анҷом расонидани як катор корҳо, аз чумла, бистарӣ намудан дар Муассисаи Давлатии Пажуишгохи экспертизаи тиббии иҷтимоӣ ва тавонбахши маъюбони чумхуриявӣ, навиштани аризахо ба мақомотҳои давлатӣ ва расонидани дигар ёриҳои ройгони ҳуқуқӣ, дар натиҷа масъала дар мақомоти давлатии нохияи Ҳамадонӣ ҳалли Қонунии худро ёфт.