+992 37 2212149

lwl.tajikistan@gmail.com

ул. Айни, 32/2-7

734019, Душанбе

09:00 - 18:00

Пн-Пт

Мурочиат ба телефони таъҷилӣ (боварӣ)

 Новости          Обсудить

Ба телефони  таъҷилии  (боварӣ)  Ташкилоти ҷамъиятии  «Лигаи  занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  дар  шаҳри Бохтар  шаҳрвандон (патсиентҳо), кормандони тибб ва дигарон  оиди  расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон барои ҳифзи ҳуқуқи  саломатӣ  ва машварати ҳуқуқӣ  муроҷиат мекунанд.   

            Асосан, яке сабабҳои ба телефонии боварӣ муроҷиат намудани шаҳрвандон (патсиентҳо) дар он аст, ки натиҷаи табобаташон дар беморхонаҳо бефоида буда, аз руи камбизоатӣ, бесоҳибӣ ва умуман маблаг надоштан, дигар ба беморхонаҳо муроҷиат намекунанд, ва оиди кумаки тиббии ройгон мепурсанд. Оиди ин масъала ба муроҷиаткунандагон суҳбатҳои ба сифат  гузаронида ба онҳо барои ҳифзи ҳуқуқ ва ўҳдадориҳояшон  бо хоҳиши  худи онҳо, аз ҷониби Лига хизматрасонии ройгони ҳуќуќшинос  пешниҳод карда мешавад, ки маблаѓи хизмати онҳоро Ташкилоти ҷамъиятии  «Лигаи  занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  пардохт намуда, ҳуқуқҳои онҳо дар ҳамаи маќомотҳо тибқи қонун аз ҷониби ҳуқуқшиносон ҳифз карда мешавад. 

            Мисол: Шаҳрванд  Шодов Ҳаким ба телефонии боварӣ муроҷиат намуда, посух дод, ки фарзанди ў Шодова Фарахноз санаи тавалудаш 24 сентябри соли 2008 мебошад. Модараш аз бемории саратон вафот намуда,  падараш Шодов Хаким пас аз марги хамсараш бори дигар оиладор мешавад. Фарахнози хурдсол  дар тарбияи таѓо ва янгааш мемонад. Аз суханони хамсояҳо  маълум гардид, ки дар хонаи тагояш ўро дуруст нигохубин намекардаанд.  Бадбахтона Фарахноз соли 2017 дар оби ҷўш месўзад, ва ҷарохат бардошта, дар беморхонаи вилоятии ба номи Бурӣ Вахидови шахри Бохтар бистарӣ гардида табобат гирифтааст. Дар давраи табобат хунукназари аз тарафи кормандони сохаи тибб ва бе эхтиётии онхо  кўдак гирифтори бемории сирояти ВНМО мегардад. Аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Лигаи занони ҳуќуќшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дида баромадани ин масъала ҳуќуќшинос ҷудо карда шуд. Падари Фарахноз мегуяд, ки ман аз ин ходиса хабар надоштам, чунки дар Федерацияи Россия будам  ва баъд огох шудам, вале ба ягонҷо мурочиат накардам. Пас аз чанд муддат духтарча дар маркази беморони ВНМО ба кайд гирифта шуд, дар натичаи сўхбат маълум гашт, ки ба кудак ягон намуди кўмакпулихо то хол мукарар карда ва дода   нашудааст. Падари Фарахноз  соли 2018  ба макомоти ҳифзи иљтимоӣ муроҷиат намудааст  аммо аз у маблаг талаб карданд,  яъне  корманди  шуъбаи хифзи ичтимоӣ  чунин шарт гузоштааст, ки як моха кумакпулиро ба ў медихад, баъд ў хамаи хуҷҷатхои патсиентро дуруст   мекардааст,  аммо ин рафтори коррупсионии корманд ба  падараи Фарахноз  сахт расида, ў   дубора  мегуяд нахостам мурочиат намоям, чунки шароити иктисодиаш  вазнин будааст. Бояд кайд кард, ки ба кудакони гирифтори бемории ВНМО зарур аст, ки дорувориро сари ваќт, дуруст дастрас намоянд ва ғизои солим истеъмол намоянд, барои патсиенти ин  гурўхи беморӣ бояд, кўмакпулӣ ҳатман мукаррар карда шавад. Дар Конвенсияи ҳуқуқи кўдак ишора шудааст, ки давлатҳои аъзо ҳуқуқи ҳар кудакро барои истифода аз неъматҳои таъминоти иҷтимоӣ аз чумла суғуртаи иҷтимоӣ эътироф намуда тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

          Дар асоси карори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз 03.03.2014,  таҳти №148  яке аз функсияҳои асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии ҶТ,  назорат ба иҷрои конунгузорӣ дар соҳаи ҳимояи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, назорати дурусти таъин ва пардохти ҷубронпулиҳо мебошад.

          Ҳуќуќшинос аз сар задани масъалаи мазкур бархурдор гардида, ба муроҷиаткунанда оиди ҳуқуқҳои фарзандаш  ҳамчун патсиент дар мавриди муроҷиат ба пуррагӣ фаҳмонда  дода шуд, ки тибки моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хар кас кафолати хифзи судӣ дорад. Мувофиқи моддаи 167 қисми 4 Кодекси тандурустии ҶТ барои кудакони то 16 сола, ки мубталои ВНМО мебошанд, кўмакпулии ҳармоҳа таъин карда мешавад.  Андозаи кўмакпулии давлатии ҳармоҳа ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳоро дар як моҳ 420 сомонӣ дар як моҳ баробар аст. Инчунин фахмонда шуд, ки тибки талаботи моддаи 16 КГ ЧТ, зиёне ки дар натиҷаи амал ё беамали ғайриконунии макомоти ҳокимияти давлати ё худ макомотҳои махаллии ҳокимияти давлати ба шахрванд ё шахси ҳуқуқӣ расонда шудааст, бояд аз чониби макомоти дахлдори ЧТ ҷуброн карда шавад.

           Бо падари патсиент (Фарахноз) ба унвони муовини сардори Раёсати Тандурустӣ Шоназарова М., мурочиати хаттӣ  намуда ва  сардори ҳифзи иҷтимоии  шахри Бохтарро вазифадор намуданд то ки кумакпулии  Шодова Фараҳнозро баркарор намоянд. Дар натиҷаи мониторинг муайян гашт, ки протоколи соҳавӣ тартиб дода шудааст ва кумакпулй барои духтарча мукарар шудааст.

          Адвокат/ҳуқуқшинос ҳолати мазкурро дида оиди вайрон кардани ҳуқуқҳои  патсиент, ки дар  моддаи 36-47 кодекси Тандурусти ҶТ мушаххас нишон дода шудааст  ва  моддаи 129-и  Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ичро накардан ё номатлуб ба ҷо овардани вазифаҳои касбӣ аз чониби корманди тибб бинобар муносибати бепарвоёна  ё беинсофона, ки  аз сабаби чунин бе эътиноӣ,  ба ҳаёт ва саломатии кўдак зарари вазнин расонидааст, ки нисбати чунин амал чавобгарии чиноятӣ пешниби шудааст. Инчунин дар ҳаракатҳои корманди соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ нишонаҳои коррупсионӣ дида мешавад, ки тибки талаботи  Кодекси Чиноятӣ ба чавобгарии чиноятӣ кашида мешавад.  Барои ҳалли ин мушкилот тарики бе дахолати судӣ вохури  ду маротиба бо ҷонишини раиси Раёсати Тандурустии вилоят ва мудири бахши кор оиди ҳифзи иҷтимоӣ  гузаронида шуд, ки дар натиҷа ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимиро тартиб дода, барои гирифтани кўмакпулӣ бо навиштани  ариза аз номи падари патсиент баъд аз як моҳ муқаррар мешавад, оғоз мегардад.    

             Мисоли дигар:  санаи 19 июни соли 2021 шаҳрванд  Шарипов Абдуалим дар бораи  фарзандаш Шарипова Рисолат, ки маъюби  гурўхи якўм  буда,  тибки санадҳои мукарраршуда барояш нафака таъин гардидааст, ба Лигаи занони ҳуқуқшиноси ҶТ дар шаҳри  Бохтар муроҷиат намудааст.  Аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии  «Лигаи  занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  бо хоҳиши ў барои ҳифзи ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои маъюб Шарипова Рисолат ба таври ройгон ҳуќуќшинос  ҷудо карда шуд. Пас аз чанд ваќт ҳуќуќшинос муаян намудааст, ки нафакаи маъюбии Шарипова Рисолат пардохт нашудааст ва кариб ки як сол гузаштааст, гумон намудааст, ки ба ягон макомот мурочиат накарда,  макомотхои махаллӣ халлу фаслаш хоханд кард. Лекин падар бехабар мондааст, ки ягон макомоти давлатии махаллӣ нисбати шахсони имконияташон махдудро гамхорӣ намекардаанд. Пас аз мурочиат намудан ба телефони боварӣ ва ба маќомоти ҳифзи иљтимоӣ маълум гардид, ки нафакапулии фарзандаш бо сабабхои ба ў номаълум катъ карда шудааст. Бо кўмаки хукукшинос ба духтури оилавиашон мурочиат намуда, сабабашро пурсидаанд, ва кормандони ҳифзи иҷтимоии маҳаллӣ баҳона кофта чунин посух додаанд, ки кормандони мо ба манзили истиќоматии  Шумо барои ба руйхат гирифтани шахси маъюб рафтаанд,  вале дар манзили истикоматиатон касеро пайдо накардаанд , аз ин рў дар рўйхат ному насаби фарзанди Шумо ворид нашудааст. Бинобар ин нафаќаи фарзанди Шумо катъ карда шудааст. 

               Ҳуќуќшинос  ба  муроҷиаткунанда  дар бораи  ҳуқуқҳои патсиент ва маъюбон тибќи ќонунҳои амалкунанда фаҳмонда дод, ки мутобики моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи  нафакаи ичтимоӣ”  аз чониби шўъбаи хизматрасонии иҷтимоии маќомоти маҳаллии ҳифзи ичтимоӣ машварати ҳуќуќӣ дода, барои ҳалли ин мушкилот тарики вохурӣ бе дахолати маќомоти судӣ,  бо намоядаи макомоти  хифзи ичтимоии нохияи Вахш гузаронида шуд.

              Ҳолати мазкурро дида, ҳуќуќшинос оиди вайрон кардани ҳуқуқҳои  маъюб,  ки дар  моддаи 36-47 Кодекси Тандурусти ҶТ мушаххас нишон дода шудааст  ва моддаи 129 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии   Тоҷикистон  иҷро накардан ё номатлуб ба чо овардани вазифахои касбӣ аз чониби корманди тибб ва агентии  ҳифзи ичтимоӣ  бинобар муносибати бепарвоёна  ё беинсофона, ки  аз сабаби чунин бе эхтиётӣ  расонида шудааст,  чавобгарии чиноятӣ пешниби шудааст, фаҳмонда дод ва пешниҳод намуд, ки дар ҳолати иҷро накардани ќонун шахсони муттасадӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.   

           Ба тариқи мусолиҳа  кор ҳалли худро наёфтааст, бинобар ин бо ёрии адвокат ба макомоти прокуратура ба шикоят мурочиат намуданд.  Пас аз гузарондани вохурї ва пешниход намудани маълумотхои лозимӣ дар бораи шахси имконияташ махдуд , нафакапулӣ баркарор карда шуда ва ҳоло мисли пештара нафаќапулиро сари вакт Шарипова Р. гирифта истодааст.