+992 37 2212149

lwl.tajikistan@gmail.com

ул. Айни, 32/2-7

734019, Душанбе

09:00 - 18:00

Пн-Пт

Гузаронидани шиносоии (презентатсия)-и китоби дарсии «Ҳуқуқи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи таълимии курс барои донишҷўён, аспирантон, магистратон ва докторантон

 Новости          Обсудить

23 сентябри соли 2021 дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воҳурӣ бо донишҷўёни Донишгоҳи мазкур, дар бораи гузаронидани шиносоӣ (презентатсия) бо китоби дарсии «Ҳуқуқи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи курси таълимӣ барои донишҷўён, аспирантон, магистратон ва докторантон гузаронида шуд.

          Бояд ќайд кард, ки нашри китоби дарсӣ ва Барномаи мазкур дар доираи Лоиҳаи «Ҳуќуќшиносоне, ки ҳуќуќи инсонро дар соҳаи тандурустӣ ҳифз менамоянд», бо дастгирии Шўъбаи Ташкилоти Байналмиллалии Институти «Ҷомеаи кушода» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон» ва ҳамкории Ташкилоти Ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуќуќшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо шарикии аъзоёни Шабакаи ҷамъиятии «Лигаи ҳифзи ҳуќуќи инсон дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ» ба анҷом расидааст.

         Китоби дарсиро аз фанни Ҳуќуќи тибии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуќуќшиносӣ, профессор  Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн, доктори илмҳои ҳуќуќшиносӣ Сангинов Дониёр Шомаҳмадович ва муаллими калони кафедраи ҳуќуќи тиҷоратии Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Наботов Сиёвуш Холмуродович таҳия кардаанд.  

         Дар давраи истиќлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон як ќатор ќонунҳои вобаста ба фаъолияти тиббӣ,  чандин Барномаҳои махсус, стратегияхои давлатӣ ва ислоҳотҳо дар соҳаи тандурустӣ ќабул карда шуда, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба саҳми шаҳрвандон таҳия ва пешниҳод карданд. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки новобаста аз ќабули ќонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуќуќӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуќуќ ва озодии инсон ҳангоми кўмаки тиббӣ расонидан, дар ҳаёт ҳуќуќшиносон бо он масъалаҳое, ки дар донишгоҳ ба таври реалӣ чуќур намеомузанд, рў ба рў мешаванд ва масъалаи мазкур дар барномаҳои таълимии факултаҳои юридикии Донишгоҳҳои кишвар ба таври кўтоҳ нишон дода шудааст.

       Ҳангоми ҳифз намудани ҳуќуќи инсон дар соҳаи тандурустӣ, хусусан ҳифзи ҳуќуќи патсиент ва корманди тиб, ваќтҳои охир шаҳрвандон бевосита ба ёрии ҳуќуќии ҳуќуќшиносони соҳаи тиб, аз ҷумла расонидани ёрии ҳуќуќӣ барои навиштани арзу шикоятҳо ба суд аз болои кормандони тиб ё муссисаҳои тандурустӣ, ҳифзи ҳуќуќи патсиент, рўёнидани зарари моддӣ ва маънавӣ, ки ба саломатӣ зарар расонидааст ва ѓайраҳо ниёз доранд.

           Бинобар ин, ҳоло зарурияти омузиши ҳуќуќи тиббӣ ҳамчун соҳаи махсуси илм дар бораи ҳифзи ҳуќуќи инсон дар соҳаи тандурустӣ ба пеш омадааст ва дар доираи лоиҳа, тибќи Барномаи нави таълимии тартиб додашуда, соатҳои омўзиши фанни «Ҳуќуќи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар факултети ҳуќуќи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон зиёд карда шудааст.